Question № 02319
1. Чанд сура дар Қуръон бо номи Паёмбар (с) зикр шудааст? 2. Маънои номи Суннатулло чист ва гузоштани он ҷоиз аст?
Question:
1. Чанд сура дар Қуръон бо номи Паёмбар (с) зикр шудааст? 2. Маънои номи Суннатулло чист ва гузоштани он ҷоиз аст?
Саволдиҳанда:АБДУЛЛОҲ
Answer:
Ассалому алайкум. 1. Бародари азиз, сураи 47-уми Қуръон бо номи Паёмбар (с) аст, яъне сураи “Муҳаммад”, ки 38 оят дорад. 2. Номи Суннатуллоҳ аз калимаи “суннат” ва исми мубораки “Аллоҳ” таркиб ёфтааст. Калимаи “суннат” ба маънои роҳу равишу тариқа ва исми Аллоҳ номи маъбуди барҳақ аст. Маънои номи “суннатуллоҳ” роҳу равиши Худоро ифода мекунад. Ин ном дар фарҳанги номгузории мардуми мусулмон роиҷ аст, аз ин рў, гузоштани он дуруст мебошад.