Question № 02328
Шахсе ба нафари дигар дар ягон мавзўъ, масалан дар боби тақдир ё таҳқиқоти илмӣ суол медиҳад, вале ҷавобдиҳанда аз рўи гумон ё кадом сабабе суолдиҳандаро ба куфр муттаҳам мекунад. Ҳукми ин гуна шахс дар Ислом чист?
Question:
Ассалому алайкум. Шахсе ба нафари дигар дар ягон мавзўъ, масалан дар боби тақдир ё таҳқиқоти илмӣ суол медиҳад, вале ҷавобдиҳанда аз рўи гумон ё кадом сабабе суолдиҳандаро ба куфр муттаҳам мекунад. Ҳукми ин гуна шахс дар Ислом чист?
Саволдиҳанда: Байрам
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аслан аз нигоҳи эътиқодӣ ба куфр нисбат додани як фарди мусулмон манъ аст. Вазифаи фарди мусулмон он аст, ки дар ҳолати ҷавоб додани масоили шаръӣ ғазаб накунад, ҳамаи суол ҷавоби муносиби худро дорад, асабонӣ шудан нишонаи камсаводӣ аст.