Question № 02369
Ман имшаб каме дар хоб мондам, каме тановул карда, соати 04:20 нияти рўза кардам. Оё рўзаи ман дуруст аст?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ман имшаб каме дар хоб мондам, каме тановул карда, соати 04:20 нияти рўза кардам. Оё рўзаи ман дуруст аст?
Саволдиҳанда: Ризо
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, вақти дамидани субҳ дар тақвим нишон дода шудааст, агар шумо пас аз соати муайяншуда дар тақвим тановул карда бошед, пас рўзаатон дуруст нашудааст ва бояд қазои онро пас аз ид ба ҷо оваред.