Question № 02389
Ман хатмкунандаи Донишгоҳи тиббӣ ҳастам. Модарам дар хоб дидааст, ки бо хатои ман кўдаке вафот кардааст. Модарам ин хобро ба ман нақл кард ва аз он сахт дар ташвишам. Таъбири он чист?
Question:
Ассалому алайкум. Ман хатмкунандаи Донишгоҳи тиббӣ ҳастам. Модарам дар хоб дидааст, ки бо хатои ман кўдаке вафот кардааст. Модарам ин хобро ба ман нақл кард ва аз он сахт дар ташвишам. Таъбири он чист?
Саволдиҳанда: Юсуф
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо аз ин хоби модаратон ошуфтахотир нашавед, зеро ҳар хобе эҳтимоли рост ё дурўғро дорад. Аз Худованд хайру офият талаб кунед, агар имконият дошта бошед, ба бенавоён садақа кунед, иншоаллоҳ ташвиши хотиратон рафъ мегардад.