Question № 02418
Лутфан мегуфтед, ки чаро намози аср суннат надорад. Агар ягон ҳадиси саҳеҳ бошад, пешниҳод мекардед.
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Лутфан мегуфтед, ки чаро намози аср суннат надорад. Агар ягон ҳадиси саҳеҳ бошад, пешниҳод мекардед.
Саволдиҳанда: Шералӣ
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Расули Худо (с) пеш аз аср гоҳ-гоҳ намози нофила гузоридаанд вале онро ба таври бардавом нагузориданд, аз ин ҷиҳат қабл аз аср намози суннати муаккада машруъ нашудааст, вале дар ин вақт чаҳор ракъат намози нафл гузоридан мустаҳаб аст, зеро Расули акрам (с) фармудаанд: “Худованд раҳмат кунад мардеро, ки қабл аз аср чаҳор ракъат бигузорад”. (Ривояти Аҳмад, Абўдовуд ва Тирмизӣ)