Home Questions and answers Namaz Question № 02464

Question № 02464

Ҳангоми бо ҷамоат гузоридани намоз дар хона инсони пешдаро бояд чӣ чизҳоро донад? Касе, ки намозро муваққатан тарк мекунад ва боз намозашро мегузорад, оё метавонад, ки дар намози ҷамоат пешдаро шавад?

Question:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ҳангоми бо ҷамоат гузоридани намоз дар хона инсони пешдаро бояд чӣ чизҳоро донад? Касе, ки намозро муваққатан тарк мекунад ва боз намозашро мегузорад, оё метавонад, ки дар намози ҷамоат пешдаро шавад?

Саволдиҳанда: Кароматуллоҳ 

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, донистани аркони дини Ислом ва масоили таҳорату намоз бар ҳар фарди мусалмон фарзи айн аст. Хусусан, касе, ки дар намози ҷамоат имом ва пешдаро мешавад, бояд аз тамоми масоили намоз комилан огоҳ бошад. Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ сазовортарин шахс барои имом шудан дар намози ҷамоат, чи дар масҷид ва чи дар оила, касе мебошад, ки масоили намоз ва таҷвид (тарзи дурусти қироат)-ро нисбати дигарон беҳтар медонад. Шахсе, ки гоҳе намозро тарк мекунад ва боз онро идома медиҳад, ба сабаби тарки намоз сахт гунаҳгор мешавад. Пеш даромадани чунин шахсе дар намози ҷамоат ҷоиз аст, вале кароҳат дорад, яъне хуб нест.

2020-12-05
2762
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

26.11.2024

More
Fajr05:41
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:09
Isha18:39