Question № 02473

Инсоне дар роҳ рафта истодааст, ногоҳ афтида пойаш мешиканад, оё ин насиб аст, аз ҷониби Худост, чигуна бошад?

Question:

Ассалому алайкум. Инсоне дар роҳ рафта истодааст, ногоҳ афтида пойаш мешиканад, оё ин насиб аст, аз ҷониби Худост, чигуна бошад?

Саволдиҳанда: Далер

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳар рухдоде, ки дар зиндагии инсон пеш меояд, ҳама ба тақдири Худост ва дар сарнавишти ў сабт шудааст. Он корҳое, ки ба ирода ва ихтиёри инсон ба вуқуъ мепайванданд, дар он инсон масъул аст ва дар баробари он мавриди подоши нек ё бад қарор мегирад. Аммо дар он корҳое, ки бидуни ихтиёр ва иродаи инсон рух медиҳанд, масъул нест. Албатта дар ин гуна рухдодҳои тасодуфӣ, ки бе ихтиёри инсон сурат мегиранд, ҳикматҳое нуҳуфтааст, ки фикри инсон ба дарки умқи он намерасад. Пас, бояд банда дар ҳама ҳолат ба тақдир имон дошта бошад ва албатта аз эҳтиёт кор бигирад.

2021-02-21
1788
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

26.12.2024

More
Fajr06:05
Zuhr12:40
Asr15:16
Maghrib17:14
Isha18:44