Question № 02484

Оё шикастани савганд ягон каффорат дорад? Дар вақти савганд хўрдан шоҳид лозим аст ё на? Масалан, дар танҳоӣ ба таҳи дил қасам мехўрам, ки ҳамин корро намекунам, оё ин қасам саҳеҳ мешавад?

Question:

Ассалому алайкум домулло. Оё шикастани савганд ягон каффорат дорад? Дар вақти савганд хўрдан шоҳид лозим аст ё на?  Масалан, дар танҳоӣ ба таҳи дил қасам мехўрам, ки ҳамин корро намекунам, оё ин қасам саҳеҳ мешавад?

Саволдиҳанда: Қурбон

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар лафзи қасам аз навъи қасами мунъақид бошад, дар ҳолати шикастани он каффорат лозим мешавад ва ё ҷазо воқеъ мегардад. Масалан, агар касе савганд ёд кард, ки “фалон амалро анҷом намедиҳам”, вале пас аз чанде он амалро анҷом дод, дар ин ҳолат қасамаш мешиканад ва бар ў каффорат лозим мегардад. Каффорати қасам ин аст, ки даҳ нафар фақирро наҳору шом ғизо бихўронад ё ба ҳар нафар фақире ним ман гандум (2 кг) ё як ман (4 кг) ҷав ё қимати онро бидиҳад ё даҳ мискинро либос бипўшонад, агар бар яке аз инҳо қодир набуд, се рўз рўза бигирад. Дар вақти қасам хўрдан шоҳид лозим нест, яъне дар танҳоӣ ҳам қасам мунъақид мешавад, агар онро ба забон талаффуз кунад, вале агар қасамро ба таҳи дил гузаронад ва ба забон талаффуз накунад, он эътибор надорад.

2021-02-28
1786
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

23.11.2024

More
Fajr05:38
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:10
Isha18:40