Question № 02499
Дар ҳолати гузоридани намоз дар дохили мошин баланд гуфтани азону иқомат лозим аст?
Question:
Ассалому алайкум. Дар ҳолати гузоридани намоз дар дохили мошин баланд гуфтани азону иқомат лозим аст?
Саволдиҳанда: Парвиз
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, гузоридани намози фарз дар дохили мошин вақте дуруст аст, ки узре ҳамчун борону барф вуҷуд дошта бошад. Пеш аз ҳар намозе азону иқомат гуфтан бо овози баланд суннат аст. Аммо дар вақти гузоридани намоз дар дохили мошин азону иқоматро бо овози муътадил мегўяд.