Question № 02502
Дар хобам аввал рўбоҳи сурхро мебинам, ки аз наздам мегурезад ва ба пушти хона меравад. Он ҷо гурги сиёҳе омада, ба рўям ҳамла мекунад, вале онро кушта, оташ мезанам. Ин чӣ таъбире дошта бошад?
Question:
Ассалому алайкум. Дар хобам аввал рўбоҳи сурхро мебинам, ки аз наздам мегурезад ва ба пушти хона меравад. Он ҷо гурги сиёҳе омада, ба рўям ҳамла мекунад, вале онро кушта, оташ мезанам. Ин чӣ таъбире дошта бошад?
Саволдиҳанда: Маҳина
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, дидани рўбоҳ дар хоб ба душмани найрангбоз ва дидани гург дар хоб ба душмани ситамгор ва дузди дурўғгў далолат мекунад. Хоби шумо иншоаллоҳ ба хайр аст, аз он ошуфтахотир набояд шуд