Question № 02514
Ман нос мекашидам, ҳамсарам ҷанҷол кард, ки нос накаш ва кордро гирифта гуфт, ки агар қасам нахўрӣ, худро мекушам. Ман барои гирифтани корд аз дасти ў гуфтам, ки “занталоқ бошам, ки намекашам”. Вале пас аз чанд моҳ боз нос кашидам. Оё дар никоҳи мо халале ворид шудааст?
Question:
Ассалому алайкум. Ман нос мекашидам, ҳамсарам ҷанҷол кард, ки нос накаш ва кордро гирифта гуфт, ки агар қасам нахўрӣ, худро мекушам. Ман барои гирифтани корд аз дасти ў гуфтам, ки “занталоқ бошам, ки намекашам”. Вале пас аз чанд моҳ боз нос кашидам. Оё дар никоҳи мо халале ворид шудааст?
Саволдиҳанда: Рустам
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, азбаски шумо шарти гузоштаатонро шикастаед, ҳамсаратон як талоқи раҷъӣ шудааст ва бароятон таҷдиди никоҳ мустаҳаб аст. Набояд фаромўш кард, ки нос кашидан ба саломатии инсон зарар дорад ва сабаби зоеъ шудани молу сарват мегардад. Он маблағе, ки барои хариди нос харҷ мекунед, онро барои заруриёти зиндагӣ, масалан барои васоили хониши фарзандонатон сарф кунед, иншоаллоҳ дар зиндагатон баракат ҳосил мешавад.