Question № 02517
Ман ба занам се бор талоқ додам. Ду бор аз рўи маҷбурӣ талоқ додам ва бори сеюм дар ҳолати қаҳру ғазаб будам. Мо якдигарро дўст медорем ва мехоҳем якҷоя бошем. Барои ин чӣ бояд кард?
Question:
Ассалому алайкум. Ман ба занам се бор талоқ додам. Ду бор аз рўи маҷбурӣ талоқ додам ва бори сеюм дар ҳолати қаҳру ғазаб будам. Мо якдигарро дўст медорем ва мехоҳем якҷоя бошем. Барои ин чӣ бояд кард?
Саволдиҳанда: Фаррух
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи чор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат пас аз воқеъ шудани се талоқ идомаи зиндагии якҷоя байни зану шавҳар номумкин аст. Аз ин рў, зиндагии муштарак миёни шумо раво нест, лекин таъмини нафақаи ҳамсаратон то ба поён расидани муддати иддааш дар зиммаи шумо лозим аст.