Home Questions and answers Namaz Question № 00252

Question № 00252

Ассалому алайкум бародарони аҳли Ислом! Мо шаш нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошем ва намозамонро пурра мехонем. Як гурӯҳи дигар бародарон омаданд, онҳо ба тарзи мусофир (қаср) намоз мегузоранд ва ба мо гуфтанд, ки агар шумо ҳам ба мисли мо нахонед, гунаҳгор мешавед.

Question:

Ассалому алайкум бародарони аҳли Ислом! Мо шаш нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошем ва намозамонро пурра мехонем. Як гурӯҳи дигар бародарон омаданд, онҳо ба тарзи мусофир (қаср) намоз мегузоранд ва ба мо гуфтанд, ки агар шумо ҳам ба мисли мо нахонед, гунаҳгор мешавед. Мо ба гапи онҳо аҳамият надода истодаем. Аниқтараш чӣ тавр хонем, яъне намози қасрро дар давоми чанд рӯзи сафар хондан мумкин аст? 

Саволдиҳанда:Азимов Суннатуллоҳ

Answer:

Мусофир агар нияти то понздаҳ рӯз дар ҷое истодан дошта бошад ва ба масофаи 120 км тибқи мазҳаби ҳанафӣ сафар карда бошад, фарзҳоро (ғайр аз шом) қаср хонад ва агар нияти зиёда аз понздаҳ рӯз истодан дошта бошад, қаср намехонад, балки пурра мехонад. (“Фиқҳи муяссар”. 140-141).

2016-01-08
3470
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

11.01.2025

More
Fajr06:06
Zuhr12:40
Asr15:30
Maghrib17:27
Isha18:57