Question № 02527
Оё дар вақти додани ушр ё закот ба мустаҳиқ “ин моли ушр ё закот аст” гуфтан шарт аст? Оби ғусли майит пок аст ё на? Агар ба либос ё бадани ғассол расад, ҳукмаш чист?
Question:
Ассалому алайкум. 1. Оби ғусли майит пок аст ё на? Агар ба либос ё бадани ғассол расад, ҳукмаш чист? 2. Оё дар вақти додани ушр ё закот ба мустаҳиқ “ин моли ушр ё закот аст” гуфтан шарт аст?
Саволдиҳанда: Амриддин
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, оби ғусли майит нопок аст ва ба сабаби расидан ба бадан ё либоси ғассол онро нопок месозад. 2. Дар вақти пардохти ушр ё закот ба масрифаш эълом кардани он мустаҳаб аст.