Home Questions and answers Family Question № 02553

Question № 02553

Агар зан ба шавҳари худ суханони дағалона гўяд, дар ҳоле ки шавҳар ботақво ва рўзадор аст, вале шавҳар суханони дурушти занро бардошт накарда, талоқашро дод, аз нигоҳи Ислом оё мард нисбати зан кори дуруст анҷом додааст?

Question:

Ассалому алайкум. Агар зан ба шавҳари худ суханони дағалона гўяд, дар ҳоле ки шавҳар ботақво ва рўзадор аст, вале шавҳар суханони дурушти занро бардошт накарда, талоқашро дод, аз нигоҳи Ислом оё мард нисбати зан кори дуруст анҷом додааст?

Саволдиҳанда: Фаридун

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, зану шавҳар дар зиндагии муштарак ҳуқуқи зиёде доранд ва ҳар яке аз онҳо бояд ҳуқуқи худро риоя кунанд. Шавҳар болои ҳамсараш ҳаққи бисёр бузург дорад, аз ин рў, бояд ба шавҳараш бо дидаи эҳтиром назар кунад ва ҳаргиз суханони дурушт ва хилофи одоби инсонӣ ба ў нагўяд. Ҳамсар низ бар зиммаи шавҳараш ҳаққи муайян дорад ва бо сабру таҳаммул бо ҳамсараш муносибат намояд. Дар масъалаи мазкур ҳамсар як талоқ шудааст ва мустаҳаб аст, ки никоҳашонро таҷдид намуда, минбаъд бо равиши писандида ва ҳусни тафоҳум зиндагӣ кунанд

2021-04-24
1969
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39