Home Questions and answers Family Question № 02556

Question № 02556

Дар кадом ҳолат шахс ҳаққи оқ кардани фарзандро дорад? Оё модар ҳам фарзандро оқ карда метавонад?

Question:

Дар кадом ҳолат шахс ҳаққи оқ кардани фарзандро дорад? Оё модар ҳам фарзандро оқ карда метавонад?

Саволдиҳанда: Муҳаммадҷон

Answer:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, волидайн ва фарзандон бар зиммаи ҳамдигар ҳуқуқи муайян доранд, ки донистан ва риоя намудани ин ҳуқуқ барои ҳар яке аз онҳо зарур ва ҳатмӣ аст. Вазифаи волидайн ин аст, ки аз овони хурдсолии фарзанд дар ниҳоди ў ҳисси эҳтиром ба волидайн, устоду мураббӣ ва калонсолонро парвариш диҳанд ва ба ў ахлоқи нек биёмўзанд. Вақте ки фарзанд дар чунин рўҳия тарбия ёфт, ҳеҷ гоҳ нисбати волидонаш беэҳтиромӣ намекунад ва онҳоро намеранҷонад. Фарзанд ҷигаргўшаи падару модар аст ва ҳар рафтору кирдор ва хислати  нописандидае, ки аз ў содир мешавад, нишонаи бемасъулиятии волидон мебошад. Агар волидон вазифаи худро ба ҷо оварданд, вале бо вуҷуди ин фарзанд ҳуқуқи онҳоро риоя накард, дар ин сурат аз назари шариат фарзанд “оққ”-и волидайн, яъне ранҷонанда ва нофармони онҳо дониста мешавад ва муртакиби гуноҳи кабира мегардад. Ба ҳар ҳол, набояд волидон, хусусан модар нисбати фарзанд дуои бад кунад, зеро дуои бад сабаби бадбахтии фарзанд шуда, ба ҳамин тариқ мушкили оила ба ҷомеа сироят мекунад ва ҷомеа низ ба буҳрони маънавӣ гирифтор мегардад. Дар ҳаққи фарзандон дуои нек бояд кард ва аз Худованд саодати онҳоро бояд талаб намуд.

2021-04-29
2234
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39