Question № 02572

Ба сурати тифли якмоҳаи фавтида нигоҳ кардан мумкин аст? Мегўянд, ки ба нигоҳ кардани сурат тифлро азоб медиҳанд. Завҷаам ба сабаби аз дунё гузаштани тифли якмоҳаамон чизе намехўрад. Ягон ҳадисе дар ин маврид гўед, шояд ором гирад.

Question:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Ба сурати тифли якмоҳаи фавтида нигоҳ кардан мумкин аст? Мегўянд, ки ба нигоҳ кардани сурат тифлро азоб медиҳанд. Завҷаам ба сабаби аз дунё гузаштани тифли якмоҳаамон чизе намехўрад. Ягон ҳадисе дар ин маврид гўед, шояд ором гирад. Домуллои азиз, ёздаҳ сол фарзанд наёфтем, Худованд як писарча ато кард, вале пас аз як моҳ аз олам гузашт. Дар ҳаққи мо дуо кунед.

Саволдиҳанда: Ҳусниддин

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ба сурати тифли фавтида нигаристан монеъе надорад, вале агар ин амал сабаби зиёда шудани ғамму ғуссаи шумо гардад, дар ин ҳолат ба он набояд назар кард, зеро рўҳи тифл аз андўҳи волидонаш нороҳат мешавад. Фарзанд ҳам яке аз неъматҳои Худованд аст ва тақдири ҳар нафсе дар азал муайян шудааст. Аз Абўмусо (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Чун фарзанди бандае бимирад, Худованд ба фариштагонаш мегўяд: Оё рўҳи фарзанди бандаамро қабз намудед? Мегўянд: Бале. Пас мефармояд: Оё меваи дилашро гирифтед? Мегўянд: Бале. Пас мегўяд: Бандаам чӣ гуфт? Боз мегўянд: Алҳамду лиллоҳ ва инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун гуфт. Пас Худованд мефармояд: Барои бандаам дар биҳишт хонае бино кунед ва онро “Байтул-ҳамд” (хонаи ҳамду сано) ном гузоред”.  (Ривояти Тирмизӣ)

Бинобар ин, шумо набояд беҳуда ғамму ғусса хўред, балки дар баробари ин санҷиши илоҳӣ сабр пеша намуда, кори худро ба Худованд вогузор кунед, иншоаллоҳ Худованд бароятон аҷру подош медиҳад. Худованди меҳрубон ба шумо тавфиқи сабру шукр ато фармояд ва фарзандони солеҳу солим рўзӣ гардонад. Дар ин ҳолат Аллоҳ таъоло ба шумо боз фарзанде ато хоҳад кард, ки сабаби ифтихоратон дар дунё ва охират мебошад

2021-05-09
2359
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

25.12.2024

More
Fajr06:05
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:13
Isha18:43