Question № 02603
Намози таҳаҷҷуд кадом соати шаб хонда мешавад?
Question:
Ассалому алайкум. Намози таҳаҷҷуд кадом соати шаб хонда мешавад?
Саволдиҳанда:Сафаргул
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, вақти намози таҳаҷҷуд аз нисфи шаб то ҳангоми субҳи содиқ аст. Намози таҳаҷҷудро ба сурати дуракъатӣ ё чаҳорракъатӣ гузоридан дуруст аст. Беҳтарин вақт барои намози таҳаҷҷуд нимаи охири шаб аст. Тариқаи суннат он аст, ки пас аз намози хуфтан бихобад ва дар охири шаб бархоста, намози шабро ба ҷо оварад.