Question № 02618
Бародаре ду бор занашро талоқ дода ва бори сеюм ўро се талоқ кардааст. Модари ин бародар бемор аст ва мегўяд, ки маро аз набераам ҷудо накунед. Оё ин бародар ва ҳамсараш метавонанд, ки ба хотири фарзанду модар боз никоҳ кунанд?
Question:
Ассалому алайкум. Бародаре ду бор занашро талоқ дода ва бори сеюм ўро се талоқ кардааст. Модари ин бародар бемор аст ва мегўяд, ки маро аз набераам ҷудо накунед. Оё ин бародар ва ҳамсараш метавонанд, ки ба хотири фарзанду модар боз никоҳ кунанд?
Саволдиҳанда:Кароматуллоҳ
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи чор мазҳаби аҳли суннат вақте байни зану шавҳар се талоқ воқеъ шуд, идомаи зиндагӣ миёни онҳо ҳаром мегардад. Пас аз гузаштани идда зан озод аст, агар бихоҳад бо марди дигар ба шавҳар мебарояд. Албатта агар зан аз шавҳари дигар ҳам талоқ шуда иддааш сипарӣ шавад, дар ин сурат бо шавҳари аввалаш метавонанд аз нав зиндагиро оғоз кунанд.