Question № 02639
Аз хонаводаи мо бобову бибӣ ва падару фарзандон гузаштаанд. Ҳангоми дар ҳаққи онҳо дуо кардан барои ҳар яке алоҳида бояд дуо кунем ё ки як дуо барои ҳамаашон кофӣ аст?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аз хонаводаи мо бобову бибӣ ва падару фарзандон гузаштаанд. Ҳангоми дар ҳаққи онҳо дуо кардан барои ҳар яке алоҳида бояд дуо кунем ё ки як дуо барои ҳамаашон кофӣ аст?
Саволдиҳанда:Баҳодур
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар ин масъала шумо ихтиёр доред, метавонед, ки барои ҳар яке алоҳида дуо кунед ва низ метавонед, ки барои ҳамаи онҳо як бор дуои дастаҷамъӣ намоед.