Home Questions and answers Namaz Question № 02655

Question № 02655

Дар вақти хондани намози қазоӣ чигуна ният кардан лозим аст?

Question:

Дар вақти хондани намози қазоӣ чигуна ният кардан лозим аст?

Саволдиҳанда:Наврўз

Answer:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, агар қазои намози ҳамин рўз ё дирўзро гузоридан хоҳед, пас чунин ният кунед: Ният кардам бигузорам фарзи намози бомдод (ё пешин)-и қазоии ҳамин рўз (ё дирўз), рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар. Агар намозҳои қазоии гузаштаро мегузоред, пас равиши нияти он намозҳо чунин аст: Ният кардам бигузорам аввалин фарзи намози бомдод, ки бар ман аст, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар. Агар намози қазоии пешин ё дигар намозҳои панҷгонаро мегузоред, ба ҷои бомдод номи ҳамон намозро зикр кунед. Агар намози қазоии витр мегузоред, чунин ният кунед: Ният кардам бигузорам аввалин намози витр, ки бар ман аст, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар.

2022-03-25
1919
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

23.11.2024

More
Fajr05:38
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:10
Isha18:40