Home Questions and answers Zakot Question № 02696

Question № 02696

Оё андоза ё ҳаҷми додани садақаи фитр ба синну сол, ҷинс ва ё дигар ҳолати моддии одамон вобастагӣ дорад? Мувофиқи қарори имсолаи Марказ садақаи фитр ба сари ҳар нафар ба ҳисоби гандум ё маблағ чӣ қадар рост меояд?

Question:

Саволдиҳанда:Шокир

Answer:

Садақаи фитр бар шахси мусулмон ва озод, ки молики миқдори  нисоб аст ё илова бар маскан, либос, ашёи рўзгор ва дигар заруриёти зиндагии рўзмарра васоиле дорад, ки қимати он ба миқдори нисоб мерасад, воҷиб мебошад. Фарқ надорад, ки шахси мазкур мард аст ё зан ва ё ноболиғ. Мувофиқи қарори имсолаи Маркази исломӣ меъёри садақаи фитр барои ҳар нафар 7 сомонӣ муайян гардидааст. Садақаи фитрро аз ҷониби худ ва фарзандони хурдсолаш адо намояд, зан бояд худаш адо намояд ва агар шавҳар аз ҷониби зан адо кард, ҷоиз аст.

2022-04-21
1714
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42