Home Questions and answers Namaz Question № 02740

Question № 02740

Намози ҷумъа чанд ракъат аст ва чигуна хонда мешавад?

Question:

Ассалому алайкум. Намози ҷумъа чанд ракъат аст ва чигуна хонда мешавад?

Саволдиҳанда:Амирҷон

 

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намози ҷумъа яке аз намозҳои фариза аст, ки дар рўзи ҷумъа ба ҷои намози пешин баргузор карда мешавад. Намози ҷумъа ба ҳар касе, ки дорои шароити зерин бошад, фарзи айн аст: Болиғ, мард, озод, тандуруст, бино ва муқими шаҳр будан. Бинобар ин, намози ҷумъа барои ноболиғ, зан, ғулом, мариз, нобино ва мусофир фарз нест. Бо вуҷуди ин, агар афроди мазкур ҳозир шаванд ва якҷо бо мардум намози ҷумъаро адо намояд, ин намозашон ба ҷойи фарзи пешин ҷойгузин хоҳад шуд. Рўзи ҷумъа ду бор азон гуфта мешавад. Бо азони аввал мардум харидуфурўш ва дигар корҳои дунявии хешро раҳо сохта ва ба сўйи масҷид мешитобанд. Қабл аз хутба чаҳор ракъат суннат гузорида мешавад. Сипас имом болои минбар баромада, рў ба ҷамоат қарор мегирад ва азони дувум гуфта мешавад. Баъд аз он имом ду хутба мехонад ва дар миёни он андаке менишинанд. Ҳар гоҳ хутбаи дувумро ба поён расонд, ду ракъат намози ҷумъаро бо мардум адо мекунад. Пас аз адои фарзи ҷумъа чаҳор ракъат суннати дигар гузорида мешавад. Дар охир имом бо мардум якҷоя дуо мекунанд.

2022-07-15
1848
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42