Question № 02840

Дар бораи савганд ва намудҳои он маълумот диҳед. Ҳар як намуди он чӣ каффорат ва тарки он чӣ ҳукм дорад?

Question:

Дар бораи савганд ва намудҳои он маълумот диҳед. Ҳар як намуди он чӣ каффорат ва тарки он чӣ ҳукм дорад?

Саволдиҳанда: Фаррух

Answer:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ қасам бар се қисм аст: Қасами мунъақид, қасами ӣамус ва қасами лаӣв. Ҳар яке аз ин навъҳо дорои суратҳои хос аст, ки дар китобҳои фиқҳӣ зикр шудаанд. Агар лафзи қасам аз навъи қасами мунъақид бошад, баргардонидани он имкон надорад. Дар ҳолати шикастани қасам вобаста ба лафзи он каффорат лозим мешавад ва ё ҷазо воқеъ мегардад. Масалан, агар касе савганд ёд кард, ки “фалон амалро анҷом намедиҳам”, вале пас аз чанде он амалро анҷом дод, дар ин ҳолат қасамаш мешиканад ва бар ў каффорат лозим мегардад. Каффорати қасам ин аст, ки даҳ нафар фақирро наҳору шом ғизо бихўронад ё ба ҳар нафар фақире ним ман гандум (2 кг) ё як ман (4 кг) ҷав ё қимати онро бидиҳад ё даҳ мискинро либос бипўшонад, агар бар яке аз инҳо қодир набуд, се рўз рўза бигирад. Агар касе савганд ёд кард, ки “агар фалон корро анҷом диҳам, занам талоқ бошад”, пас, агар он корро анҷом диҳад, ҳамсараш талоқ мешавад.

2023-04-17
950
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42