Home Questions and answers Namaz Question № 02851

Question № 02851

Ҳар ҳафта рўзи якшанбе ё душанбе ба кор меравем ва пас аз чор ё панҷ рўз (гоҳ-гоҳ 11-12 рўз) ҳатман ба хона бармегардем. Бинобар ин намозро қаср мегузорем...

Question:

Мо дар шаҳри Роғун кору фаъолият мекунем, аммо макони зисти доимиямон дар ноҳияи Данғара аст. Ҳар ҳафта рўзи якшанбе ё душанбе ба кор меравем ва пас аз чор ё панҷ рўз (гоҳ-гоҳ 11-12 рўз) ҳатман ба хона бармегардем. Бинобар ин намозро қаср мегузорем. Лекин як нафар рўҳонӣ чунин фатво дод, ки шумо дар ин ҷо кор мекунед ва ризқу рўзии оилаатонро аз ҳамин ҷо ба даст меоред, бинобар ин, бароятон қаср хондани намоз дуруст нест. Оё мо намозро қаср гузорем ё пурра?

Саволдиҳанда: Меҳрон

Answer:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар мазҳаби ҳанафӣ масофаи сафар се марҳала аст ва тибқи қарори Шўрои уламо ба ҳисоби имрўза 120 км муайян шудааст. Азбаски масофаи байни макони зисти шумо то шаҳри Роғун зиёда аз 120 км аст ва дар макони коратон нияти иқомати 15 рўз надоред, дар ин сурат шумо дар аснои сафар ва дар ҷои коратон намозро қаср мегузоред. Агар дар ҷои кор намозатон қазо шавад, онро дар хона қаср мегузоред ва агар дар хона намозе аз шумо қазо шуда бошад, онро дар макони коратон пурра мегузоред.

2023-04-19
555
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.04.2024

More
Fajr03:51
Zuhr12:40
Asr17:26
Maghrib19:25
Isha20:56