Home Questions and answers Namaz Question № 02855

Question № 02855

Вақти намози бомдод аз соати 04:21 то 05:50 аст. Мегўянд, ки агар намозро дар охири вақти муайншуда гузорӣ, аз зимма соқит мешавад, вале савоб надорад. Пас гузоридани намоз дар вақти муайяншуда чӣ гуна савоб надорад?

Question:

Ассалому алайкум. Вақти намози бомдод аз соати 04:21 то 05:50 аст. Мегўянд, ки агар намозро дар охири вақти муайншуда гузорӣ, аз зимма соқит мешавад, вале савоб надорад. Пас гузоридани намоз дар вақти муайяншуда чӣ гуна савоб надорад? Оё савоби гузоридани намоз дар аввали вақт нисбат ба охираш ягон фарқе дорад?

Саволдиҳанда: Маҷид

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, вақти намози бомдод аз дамидани субҳ шуруъ мешавад ва то тулуъи офтоб идома меёбад, чунонки дар ҷадвали вақтҳои намозҳо нишон дода шудааст. Аввали онро дар истилоҳи фиқҳӣ “ғалас” мегўянд, ки дар ин ҳолат ҳанўз осмон торик аст. Ҳангоме ки торикӣ ба охир мерасад ва равшанӣ ҳама ҷоро фаро мегирад, дар истилоҳи фиқҳӣ ба он “исфор” гуфта мешавад. Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ агар шахсе намози бомдодро дар ҳолати ғалас гузорад, намозаш дуруст мешавад ва савоб ҳам мегирад. Вале мустаҳаб ва хуб аст, ки намозро дар ҳолати исфор гузорад, зеро савобаш бештар аст. Дар ҳадис омадааст, ки “намози бомдодро дар ҳолати исфор (равшанӣ) гузоред, ки аҷри он бузургтар аст”. Лекин  чунон таъхир накунад, ки офтоб ба тулуъ наздик шавад.

2023-04-19
873
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42