Question № 02861
Имсол фитри рўза чӣ микдор муайян шудааст? Шахсоне, ки камбизоат ё қарздоранд, ба онҳо фитри рўза воҷиб аст? Оё садақаи фитр ба монанди закот бар касе воҷиб аст, ки молаш ба нисоб расидааст?
Question:
Ассалому алайкум. Имсол фитри рўза чӣ микдор муайян шудааст? Шахсоне, ки камбизоат ё қарздоранд, ба онҳо фитри рўза воҷиб аст? Оё садақаи фитр ба монанди закот бар касе воҷиб аст, ки молаш ба нисоб расидааст?
Саволдиҳанда: Тоҳир
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тибқи қарори Шўрои уламо имсол меъёри садақаи фитр 7 сомонӣ муайян шудааст. Барои ашхоси камбизоат ва қарздор садақаи фитр воҷиб нест. Садақаи фитр ба ашхосе воҷиб мешавад, ки ба миқдори 32300 сомонӣ маблағи нақд ё ба ҳамин арзиш сармоя дошта бошанд, ҳамчун ҷиҳози хона, қолин ва ғайра, ки мавриди истифода набошанд.