Home Questions and answers Family Question № 02881

Question № 02881

Падарам аз соли 2000-ум аз модарам ҷудо шудааст. Бародаронам дар ҳамин деҳаамон барояш хона сохта доданд ва тўли 23 сол аст, ки бо зани дуюмаш дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Ҳашт моҳ пеш падарам бо тавсияи моиндарам хонаро фурўхта ба ноҳияи Хуросон мераванд ва он ҷо...

Question:

Падарам аз соли 2000-ум аз модарам ҷудо шудааст. Бародаронам дар ҳамин деҳаамон барояш хона сохта доданд ва тўли 23 сол аст, ки бо зани дуюмаш дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Ҳашт моҳ пеш падарам бо тавсияи моиндарам хонаро фурўхта ба ноҳияи Хуросон мераванд ва он ҷо дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунанд. Рўзи гузашта яке аз хешовандони моиндарам ба акаам занг зада мегўяд, ки падарат аз дунё гузаштааст, омада ўро баред. Мо аз модарамон ҳашт фарзанд ҳастем ва падарам аз моиндарам ду фарзанд – як духтари шавҳардор ва як писари ҳаштсола дорад. Дар ин ҳолат тарикаи падари мо аз рўи кадом молу мулк сурат мегирад? Оё ду фарзанди моиндарам дар тарика шарик ҳастанд ё на?

Саволдиҳанда: Диловар  

Answer:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар сурати мазкур ҳар ду модар ва ҳамаи даҳ фарзанд ворис ба шумор мераванд. Шумо тамоми дороии падаратонро ҳисоб карда, аз ҳашт як ҳиссаи онро ба ҳар ду модаратон баробар тақсим карда диҳед, сипас маблағи боқимондаро байни даҳ фарзанд тақсим кунед, яъне ба писарон ду баробари ҳиссаи духтарон саҳм диҳед.

2023-06-21
1049
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42