Question № 00003
Иддаи занон барои шавҳари худ аст ё шавҳари дигар?
Question:
Иддаи занон барои шавҳари худ аст ё шавҳари дигар? Илтимос, ин масъаларо аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ баён намоед.
Answer:
Аз лиҳози фиқҳӣ иддаи зан барои шавҳари дигар аст, на шавҳари худаш, ки дар никоҳи ӯ буд. Чунки ҳикмати идда барои занон барои ҳифз намудани насаби фарзанд аст. Ҳамчунон ки агар касе занашро як талоқ диҳад ва бихоҳад ӯро дубора дар никоҳи худ биёварад, идда барои ин зан лозим нест, балки агар ин зан бихоҳад, ки шавҳари дигар кунад, пас бояд идда бипояд, чунки насаби кӯдак яқинан маълум шавад, ки аз кист. Пас маълум шуд, ки иддаи зан барои шавҳари худаш нест. Яъне шавҳари худаш метавонад, ки дар муддати идда ӯро баникоҳи худ биёварад.