Question № 03017
Ман хоҷагии деҳқонӣ дорам, андози заминро супоридам, пули обро додам, хароҷоти кишту кор ва нуриҳои минералиро ҳисоб кардем, вале маблағи хароҷоти сарфшуда набаромад. Оё дар ин ҳолат мо ушр медиҳем?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ман хоҷагии деҳқонӣ дорам, андози заминро супоридам, пули обро додам, хароҷоти кишту кор ва нуриҳои минералиро ҳисоб кардем, вале маблағи хароҷоти сарфшуда набаромад. Оё дар ин ҳолат мо ушр медиҳем?
Шарофиддин
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пеш аз баровардани хароҷоти замин нисфи ушр дода мешавад, яъне аз 20 ҳисса як ҳиссаи ҳосил ба фақире ё мискине пардохта мешавад.