Question № 00303
Домулло, мегуфтед, ки ҳукми шахсе, ки ҳайвонҳоро азобу шиканҷа медиҳад, ислом чи мефармояд.
Question:
Домулло, мегуфтед, ки ҳукми шахсе, ки ҳайвонҳоро азобу шиканҷа медиҳад, ислом чи мефармояд.
Answer:
Дини мубини Ислом ба пайравони худ дастур медиҳад, ки нисбат ба ҳайвонҳо низ хайрхоҳ бошанд ва онҳоро азобу шиканҷа надиҳанд. Паёмбари Худо (с) ба саҳоба нақл карданд, ки зане ба хотири озор додани гурбае дохили дӯзах шуд ва низ нақл карданд, ки марде ба хотири об додани саге бахшида шуд. (Бухорӣ ва Муслим)