Question № 03043
Ман дар Русия дар ошхона кор мекунам. Онҷо бо гўшти хук низ хўрок омода мекунанд. Оё метавонам, ки дар он дег хўроки дигар пухта тановул кунам?
Question:
Ассалому алайкум. Ман дар Русия дар ошхона кор мекунам. Онҷо бо гўшти хук низ хўрок омода мекунанд. Оё метавонам, ки дар он дег хўроки дигар пухта тановул кунам?
Аҳмад
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шумо имконият дошта бошед, дар деги алоҳида таом пазед, агар имкон набошад, ҷоиз аст, ки он дегро хуб шуста барои худ таом омода кунед.