Question № 03046

Ҳамон ҳадисе, ки дар он гуфта шудааст, ки ватандорӣ як гўшаи имон аст, ба кадом навъи ҳадис дохил мешавад? Дар бораи ватандўстӣ ягон ҳадиси саҳеҳе ҳаст?

Question:

Ассалому алайкум. Ҳамон ҳадисе, ки дар он гуфта шудааст, ки ватандорӣ як гўшаи имон аст, ба кадом навъи ҳадис дохил мешавад? Дар бораи ватандўстӣ ягон ҳадиси саҳеҳе ҳаст?

Муҳаммад

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ягон ҳадисе бо ин лафз, ки ватандорӣ аз гўшаи имон аст, наомадааст, вале дар қавли бузургони Ислом ишоратҳо омадааст, ки Расули Худо (с) вақте ҳиҷрат карданд, ба сўи Маккаи Мукаррама бо ҳасрат чанд бор рўи мубораки худро гардонданд, то ин ояти карима нозил шуд: «Ҳамон касе, ки Қуръонро бар ту фарз кард, туро ба ҷойгоҳ ва зодгоҳат бозмегардонад». (Сураи «Қасас», ояти 85) Пас аз нузули ин оят Расули акрам (с) хурсанд шуда ва сафарашонро ба сўи Мадинаи Мунаввара идома доданд. Бар асоси ҳамин ишорат ватандорӣ ва ватандўстӣ як амри зарурӣ аст ва барои ҳифзи ватан ҷоннисорӣ бояд кард.

2025-03-18
220
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

31.03.2025

More
Fajr04:39
Zuhr12:40
Asr16:58
Maghrib18:57
Isha20:27