Question № 00305

Домуллои муҳтарам, баъзеҳо мегӯянд, мазҳаб бидъат аст. Ба онҳо чӣ гуна ҷавоб диҳем. Илтимос, бо далелҳои илмӣ ва шаръӣ ҷавоб диҳед.

Question:

Домуллои муҳтарам, баъзеҳо мегӯянд, мазҳаб бидъат аст. Ба онҳо чӣ гуна ҷавоб диҳем. Илтимос, бо далелҳои илмӣ ва шаръӣ ҷавоб диҳед. Бо эҳтиром, имоми масҷид аз ноҳияи дурдаст, Абдуллоҳ.


 

Answer:

Бародари азиз, аз касе пӯшида нест, ки мусулмонони ҷаҳон баъди аз итоати Китоби Худо ва суннати Расули ӯ ба яке аз мазҳабҳои чаҳоргона пайравӣ мекунанд. Инчунин мардуми кишвари мо зиёда аз ҳазор сол аст, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд. Мазҳаб дар ҳаёти инсон барои пайравӣ кардан аз динаш як тариқи хеле зарурӣ аст. Чунки ҳаёти инсон ҳар рӯз ба навовариҳо мувоҷеҳ аст. Пас ҳамаи чизҳои навпайдо дар Қуръону ҳадис мавҷуд нест. Пас инсоне лозим ки соҳиби малакаи истинботу иҷтиҳод бошад ва масъалаи шаръии мардумро аз равшании Қуръону ҳадис бифаҳмонад. Бинобар ин, мо ба чунин инсонҳо зарурат дорем ва аз нигоҳи шариат далелҳои зиёде вуҷуд дорад, ки тақлид кардан ба мазҳабро бар мо лозим мегардонад. Масалан, қиссаи фиристодани ҳазрати Муоз ба Яман, ки Расули Худо ба ӯ мегӯяд: Ту дар миёни мардум ба чӣ қазоват мекунӣ? Муоз дар ҷавоб мегӯяд: Бо китоби Худо. Бори дувум мепурсад: Агар он масъаларо дар китоби Худо наёфтӣ, дар ин ҳангом ба чӣ қазоват мекунӣ? Муоз мегӯяд: Бо суннати Расули Худо. Бори севум мепурсад: Агар он масъаларо дар суннат низ пайдо накардӣ, дар ин ҳангом ба чӣ қазоват мекунӣ? Дар ҷавоб гуфт: Бо раъйи худ иҷтиҳод мекунам.

Аз ин ҳадис фаҳмида мешавад, ки ҳукми ҳамаи масоил дар Қуръону ҳадис мавҷуд нест. Баъзе масоиле вуҷуд дорад, ки дар партави Қуръону ҳадис иҷтиҳод карда шаванд. Дигар нуктае, ки аз ин ҳадис бармеояд, ин аст, ки иҷтиҳод дар шариат амри машруъ аст. Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки Пайғамбар (с) ҷавоби дар боло зикршудаи Муозро тасдиқ намуда, чунин фармуд: Худоро ҳамду сипос мегӯям, ки муваффақ гардонид фиристодаи Пайғамбарашро ба он чизе, ки Пайғамбараш аз он розӣ аст.

Барои ҳама маълум аст, ки ҳамаи инсонҳо дорои малакаи иҷтиҳоду истинбот нестанд, пас барои мардум зарур аст, ки аз яке аз ин мазоҳиби аҳли суннат пайравӣ кунанд, зеро уммати исломӣ пайравӣ ба яке аз ин чаҳор мазҳабро воҷиб медонанд. Чунки ба иттифоқи аҳли илм имомони ин чаҳор мазҳаб дорои малакаи иҷтиҳоду истинбот будаанд, ҳамзамон мебинем, ки пайравӣ накардани аз мазҳаб болои уммати исломӣ чи балоҳоеро оварда истодааст. Ҳамоне, ки мазҳабро бидъат мегӯяд, ба даҳҳо гурӯҳҳо тақсим шудааст ва дар душмании якдигару ба қатли ҳамдигар машғул ҳастанд.


 

2016-02-18
3276
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38