Question № 00307
Домуллои муҳтарам, ман як донишҷӯям, дар хонаи мо падару бародаронам нос мекашанд, лекин ман натавонистам онҳоро аз ин кор манъ кунам. Илтимос аз Шумо, бо далелу ҳикмат ҷавобе гӯед, ки онҳоро қонеъ кунаду дигар нос накашанд.
Question:
Домуллои муҳтарам, ман як донишҷӯям, дар хонаи мо падару бародаронам нос мекашанд, лекин ман натавонистам онҳоро аз ин кор манъ кунам. Илтимос аз Шумо, бо далелу ҳикмат ҷавобе гӯед, ки онҳоро қонеъ кунаду дигар нос накашанд. Бо эҳтиром, Абдулвоҳид
Answer:
Бародари азиз, албатта маълум аст, ки ҳар амале, ки ба ҳаёти моддӣ ва маънавии инсон зиёновар аст, дини мубини Ислом анҷоми онро манъ мекунад. Носкашӣ яке аз рафторҳои бад буда, ба ҳаёти моддӣ ва маънавии инсон зиёни зиёде дорад, зеро шахси носӣ дар тӯли ҳаёташ маблағи зиёде барои харидории ин мавод сарф мекунад, ки бе шубҳа исроф аст. Худованд дар каломи худ аз исроф кардан наҳи кардааст.
Пайғамбари Худо (с) низ фармудаанд: «Исрофкор бародари шайтон аст». Илми муосир исбот кадааст, ки дар таркиби тамокӯ заҳри никотин вуҷуд дора два бар ҷисми инсон зарар ворид мекунад. Ҳар чизе, ки ба ҷисми инсон зараровар бошад, шариъат аз он парҳез мефармояд.