Question № 03074
Ман ҳамеша ба оилаам мегўям, ки агар ҷое рафтан хоҳӣ, аз ман ва ё модарам бипурс. Рўзе ҳамсарам дар хонаи модараш буд, барои рафтан ба хонаи аммааш иҷозат хост, аммо розӣ нашудам. Аз модарам иҷозат гирифта рафтааст.
Question:
Ассалому алайкум. Ман ҳамеша ба оилаам мегўям, ки агар ҷое рафтан хоҳӣ, аз ман ва ё модарам бипурс. Рўзе ҳамсарам дар хонаи модараш буд, барои рафтан ба хонаи аммааш иҷозат хост, аммо розӣ нашудам. Аз модарам иҷозат гирифта рафтааст. Вақте фаҳмидам, ўро то ҷои кор оварда, дар таксӣ савор кардам ва бо мақсади танбеҳ додан гуфтам, ки “рав пеши модарам, чор тарафат қибла”. Сипас ў ба хона пеши модарам рафт. Дар ин ҳолат мо бояд боз никоҳ кунем?
Ҳусайн
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, сухани мазкур ба нияти шумо вобаста аст, агар нияти талоқ надошта бошед, халале дар зиндагиатон ворид нашудааст. Ба ҳар ҳол, шумо аз боби эҳтиёт таҷдиди никоҳ кунед ва зиндагиатонро идома диҳед.