Home Questions and answers Namaz Question № 00312

Question № 00312

Дар маҳаллаи мо баъд аз намози ҷаноза хондан маълум шуд, ки мурда баръакс гузошта шудааст. Яъне сари мурда ба ҷойи пой ва пойаш дар ҷойи сараш гузошта шудааст. Оё намози ҷаноза дубора хонда мешавад ва инҳо ба сабаби ин амалашон гунаҳгор шудаанд?

Question:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ домуллои муҳтарам. Дар маҳаллаи мо баъд аз намози ҷаноза хондан маълум шуд, ки мурда баръакс гузошта шудааст. Яъне сари мурда ба ҷойи пой ва пойаш дар ҷойи сараш гузошта шудааст. Оё намози ҷаноза дубора хонда мешавад ва инҳо ба сабаби ин амалашон гунаҳгор шудаанд?

Answer:

Агар сари мурда дар ҷои пой ва пойаш дар ҷои сараш қасдан гузошта шуда бошад, бо ин амал гунаҳгор мешаванд, агар ин амал қасдан набошад, боке надорад ва намози ҷанозаи майит дуруст шуда, такроран гузоридани он лозим нест. (“Дуррул-мухтор” бо шарҳи Таҳтовӣ, ҷ.1, саҳ. 593, боби “Салотул-ҷаноза”)

2016-02-26
3474
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

11.01.2025

More
Fajr06:06
Zuhr12:40
Asr15:30
Maghrib17:27
Isha18:57