Question № 03132
Бар асоси Қуръон ва суннат кадом васият барои ворисон дуруст аст? Масалан, волидайн дар васият яке аз фарзандонро аз мерос маҳрум кунанд ё дастур диҳанд, ки баъди марг ҷасадашонро дар қабристони зодгоҳашон, ки шояд даҳҳо ё садҳо километр дур аз маҳалли зисташон қарор дорад, ба хок супоранд. Оё ин гуна васият карданро, ки боиси харҷу масраф мегардад ва даҳҳо одамро саргардон мекунад, Ислом иҷозат додааст?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Бар асоси Қуръон ва суннат кадом васият барои ворисон дуруст аст? Масалан, волидайн дар васият яке аз фарзандонро аз мерос маҳрум кунанд ё дастур диҳанд, ки баъди марг ҷасадашонро дар қабристони зодгоҳашон, ки шояд даҳҳо ё садҳо километр дур аз маҳалли зисташон қарор дорад, ба хок супоранд. Оё ин гуна васият карданро, ки боиси харҷу масраф мегардад ва даҳҳо одамро саргардон мекунад, Ислом иҷозат додааст?
Субҳонидин
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз назари дини мубини Ислом васияти волидайн барои маҳрум кардани яке аз ворисон аз мерос ботил аст, аммо васияти онҳо барои интиқол ва дафни ҷасадашон дар зодгоҳи онҳо ҷоиз аст, вале беҳтар он аст, ки ҷасади онҳо дар қабристони наздиктарин дафн карда шавад.