Question № 00338

Ман бо чашми худ дидам, ки вақте моҳи нав баромад, як мард пулҳояшро ба моҳ нишон дод ва ба ман гуфт, ки агар нишон диҳӣ, бой мешавӣ Оё ҳамин рост аст?

Question:

Ман бо чашми худ дидам, ки вақте моҳи нав баромад, як мард пулҳояшро ба моҳ нишон дод ва ба ман гуфт, ки агар нишон диҳӣ, бой мешавӣ Оё ҳамин рост аст?

Саволдиҳанда:Абдураҳмон.



 




 

Answer:

Албатта аз нигоҳи дини мубини Ислом инсон ба ин гуна амалҳо бой намешавад. Барои бой шудан бояд аз Худо талаб кунӣ ва даст ба кору ҳунаре бизанӣ ва сабру қаноатро пеша кунӣ. Ин гуна амалҳо дар дини Ислом амалҳои беҳуда шумурда мешаванд. Расули Худо (с) дар вақти моҳи навро дидан ба мо дуо ёд додааст, ки хондани он суннат аст. Дуо чунин аст: «Аллоҳумма аҳиллаҳу алайно бил-юмни вал-имони вас-саломати вал-ислом. Раббӣ ва Раббукаллоҳ».

«Худовандо! Ин моҳро барои мо сабаби баракат, имон, саломатӣ ва пирӯзии Ислом бигардон. Эй моҳ! Парвардигори ману ту Аллоҳ аст».


 

2016-03-15
3937
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38