Question № 00342
Як сол аст, ки ман оиладор ҳастам. Шавҳарам аз аҳли шиъа ва худам аз аҳли суннат ҳастам. Шавҳарам мехоҳад, ки ман мазҳаби ӯро қабул кунам.
Question:
Салому дуруди Худо бар Шумо. Эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба суоли ман ҳаматарафа ҷавоб гардонед. Як сол аст, ки ман оиладор ҳастам. Шавҳарам аз аҳли шиъа ва худам аз аҳли суннат ҳастам. Шавҳарам мехоҳад, ки ман мазҳаби ӯро қабул кунам. Аз Шумо мехоҳам, ки ба ман роҳи дурустро нишон диҳед, то дар зиндагӣ гумроҳ нагардам.
Саволдиҳанда:Шаҳодат.
Answer:
Дар миёни шиъаҳо ва равофиз фирқаҳои зиёде вуҷуд дорад ва ақоиди онҳо низ мухталиф аст. Баъзе аз онҳо ҳазрати Алӣ (р)-ро Худо медонанд ва ӯро ба сифатҳои Худо шарик месозанд. Мегӯянд, ки Ҷабраил (а) дар овардани ваҳй хато карда, ба ҷои ҳазрати Алӣ (р) ваҳйро ба ҳазрати Муҳаммад (с) овардааст, ба модари муъминон Оиша (р) туҳмати зино мезананд ва саҳоба будани Абӯбакри Сиддиқ (р)-ро инкор мекунанд. Илова бар ин, ақидаҳои куфромезе доранд, ки бар хилофи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат мебошад. Бинобар ин, бо чунин афрод никоҳ қатъиян манъ аст. Дар китоби “Раддул-муҳтор” оиди ин масъала чунин омадааст:
لَا شَكَّ فِي تَكْفِيرِ مَنْ قَذَفَ السَّيِّدَةَ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ تَعَالَى عَنْهَا أَوْ أَنْكَرَ صُحْبَةَ الصِّدِّيقِ ، أَوْ اعْتَقَدَ الْأُلُوهِيَّةَ فِي عَلِيٍّ أَوْ أَنَّ جِبْرِيلَ غَلِطَ فِي الْوَحْيِ ، أَوْ نَحْوُ ذَلِكَ مِنْ الْكُفْرِ الصَّرِيحِ الْمُخَالِفِ لِلْقُرْآنِ
“Шакке нест дар кофир хондани касе, ки ҳазрати Оиша (р)-ро ба зино туҳмат намояд ё саҳоба будани ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ (р)-ро инкор кунад ё ба ҳазрати Алӣ (р) мақоми худоиро нисбат диҳад ё иддио кунад, ки ҳазрати Ҷабраил (р) дар овардани ваҳй ғалат ё ба монанди ин эътиқоди куфри мухолиф бо Қуръон дошта бошад”. (“Раддул-муҳтор”, ҷ. 3, с. 406; “Фатовои Оламгирӣ”, ҷ. 2, с. 264)
Он касоне аз аҳли шиъа, ки ақидаашон ба ҳадди куфр нарасидааст, онҳо ҳам аз роҳи залолат ва гумроҳӣ берун нестанд, вале шинохтани чунин касон мушкил аст, ки ба кадом фирқа пайравӣ мекунанд. Дар китоби “Ақоидул-Ислом” роҷеъ ба ин масъала чунин омадааст: “Шиъаҳо он хубиҳоеро, ки дар Қуръони карим дар шаъни саҳобагон омадааст, рад мекунанд, ҳол он ки ин хубиҳо бо далели яқинӣ собит шудаанд. Ба саҳобагон таъну лаънат мехонанд ва нисбати ҳамсарони Пайғамбар (с) суханони нолоиқ мегӯянд, ки агар ба ҳамсари камтарин фарди мо гуфта шавад, мо дигар ба рӯи онҳо назар намекунем. Ҳайф, сад ҳайф бар ин мусулмонон, ки ба ин гуна ашхос муҳаббат меварзанд ва бо инҳо издивоҷ мекунанд. Ҳеҷ шакке нест, ки Расули Худо (с) аз инҳо норозӣ аст ва ононро аз ҳавзи Кавсар меронад”. (“Ақоидул-Ислом”, с. 251).
Бинобар ин, барои ҳар фарди ҷомеа, ки пайрави аҳли суннат ва ҷамоат мебошад, зарур аст, ки ақидаи солими худро ҳифз намояд, зеро ки саодати абадии ҳар инсон дар партави ақидаи саҳеҳи ӯ ҳосил мешавад. Аз ин хотир, Шумо хоҳари азиз, худ ва фарзандони ояндаи худро аз ҳар гуна ақидаҳои нодуруст эҳтиёт кунед.