Question № 00350
Домулло агар ҳайвони ба мисли хари нарина бо аспи модина ҷуфт шаванд (ё ин ки баракс), гушти ҳайвони аз ин ҷуфт таваллудшударо истеъмол кардан ҷоиз аст ё не?
Question:
Домулло агар ҳайвони ба мисли хари нарина бо аспи модина ҷуфт шаванд (ё ин ки баракс), гушти ҳайвони аз ин ҷуфт таваллудшударо истеъмол кардан ҷоиз аст ё не?
Answer:
Аз нигоҳи шаръӣ ба истилоҳи фуқаҳо чунин ҳайвони аз ду зоти мухталиф ба вуҷуд омадаро ба забони арабӣ бағл ва ба забони тоҷикӣ қотир ё хачир меноманд. Ҳукми шаръии қотир ҳаромаст, зеро ҳазрати Ҷобир мефармояд:”Моён дар рӯзи “Ҳунайн” қотир, асп ва харонро забҳ намудем, Расули Худо (с) моёнро аз хурдани гушти қотир ва хар боз дошт, лекин аз гушти асп манъ накард ”. Қотир аз якҷо шудани ду ҳайвон, яке ҳалол ва дигаре ҳаром пайдо мешавад, ҷониби ҳаром қавиаст, яъне эътибор дорад.
(Китоби “Ҳаётул-ҳайвон”, ҷилди 1, саҳ.416 то 437).