Question № 00362
Ман бо рӯзе бо падарам дар як масъалаи оилавӣ гапамон гурехт. Падарам маро сахт сарзаниш карда, ҳар хел ҳақорат кард. Ман ба ин тоқат накарда, худамро дошта натавонистам ва ба вай гапгардонӣ кардам.
Question:
Ман бо рӯзе бо падарам дар як масъалаи оилавӣ гапамон гурехт. Падарам маро сахт сарзаниш карда, ҳар хел ҳақорат кард. Ман ба ин тоқат накарда, худамро дошта натавонистам ва ба вай гапгардонӣ кардам. Ӯ аз қаҳри сахташ маро гуфт, ки ту барин писарро оқи ин дунё кардам. Лекин аз байн як рӯз нагузашта ӯ омада бо ман бо муомилаи хуш суҳбат кард. Ҳозир муомилаи мо бо ҳамдигар хеле хуб аст. Лекин ман аз кори кардаам хеле пушаймонам. Оё Шумо дар ин бора чӣ гуфтаниед. Илтимос пуратар ҷавоб диҳед.
Саволдиҳанда:Нуруллоҳ.
Answer:
Албатта дар ин сурат шумо бо падаратон муомилаи хуб кунед ва барои воқеае, ки дар миёни шумо гузашт, бахшиш талаб кунед, иншоаллоҳ ризояти падаратонро ба даст меоред. Шумо оқ нашудаед, лекин дубора ин корро такрор накунед, чунки ин аз гуноҳони кабира буда, дар ин бора дар ҳадис ваъиди сахт омадааст. Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
الكَبَائِرُ : الإشْرَاكُ بالله ، وَعُقُوقُ الوَالِدَيْنِ ، وَقَتْلُ النَّفْس ، وَاليَمِينُ الغَمُوسُ
“Гуноҳони кабира инҳоянд: Ширк овардан ба Худо, нофармонии волидайн, қатли нафс ва савганди бардурӯғ”. (Ривояти Бухорӣ).
Аз ин рӯ, бародари азиз, падар ҳаққи сарзаниши моро дорад, лекин мо ҳаққи сарзаниши ононро надорем, чунки дини Ислом ин ҳақро ба онҳо додааст, на ба мо, баръакс эҳтироми онҳоро бар мо воҷиб қарор додааст. Илова бар ин, ҳар нафаре падарашро эҳтиром кунад, аз писараш эҳтиром мебинад, агар озор диҳад, озор мебинад. Сидқан узрхоҳӣ карда, назди Парвардигор тавба намоед.