Question № 00380
модари ман хамирашро бо дрож мекунад ва мо нонашро истеъмол мекунем. Аз як нафар фаҳмидам, ки дар таркиби дрож спирт будааст. Оё ин ибодатҳои ман чи мешуда бошад?
Question:
Аз як амри маъруфе фаҳмидам, ки банда агар як луқмаи ҳарома менӯшад ё мехурад Аллоҳ 40-рӯза ибодаташро қабул намекунад. Ман алҳамдулиллоҳ панҷ вақт намозамро мехонам, модари ман хамирашро бо дрож мекунад ва мо нонашро истеъмол мекунем. Аз як нафар фаҳмидам, ки дар таркиби дрож спирт будааст. Оё ин ибодатҳои ман чи мешуда бошад? Илтимос бо далел ҷавоб диҳед.
Саволдиҳанда:Нуруллоҳ
Answer:
Бародари азиз Нуруллоҳ, Паёмбари Худо (с) фармудаанд: «Касе назди фолбин биравад ва аз ӯ чизе бипурсаду ҷавобашро тасдиқ ва бовар намояд, 40-рӯз намозаш комилан қабул намешавад». Покии ҳалқ аз ҷумлаи аъзами (калонтарин) фароизаст, зеро Паёмбар (с) гуфтанд: «Ҳар оина Худо покаст, танҳо покиро мепазирад, Худованд муъминонро бо он чизе, ки паёмбаронро амр намуд, амр кардааст». Худованд мефармояд: «Эй паёмбарон чизҳои покро бихуред ва кирдорҳои шоиста анҷом диҳед» (сураи «Муъминун», ояти 51). Саъд ибни Абиваққос (р) гуфт: «Эй Расули Худо (с) аз Худованд дуо кунед, ки ман аз ҷумлаи бандагони дуояш қабулшуда гардам», Расули Худо (с) фармудаанд, ки «Эй Саъд ҳалқатро пок нигоҳ дор» ва дар ҳаққи Саъд (р) дуо кард. «Луқмаи ӯро пок нигоҳ дор», баъди дуои Паёмбар (с) дуои вай аз зумраи дуои иҷобатшудагон гардид.
Хамирмояе (дрож), ки имрӯз дар кишвари мо мавриди истифода қарор дорад, аз кишварҳои мусулмонӣ ворид шуда истодааст ва ашёҳои таркибиаш дар тамғаи ӯ нишон дода шудааст. Умедворем, ки дар таркибаш ашёи ҳаром вуҷуд надорад. Дигар ин ки имрӯз ҳамаи хонаводаҳо аз ин хамирмоя истифода мекунанд. Бинобар ин агар шахсе шак дошта бошад, ихтиёр дорад. Аммо оммаи мардумро аз истеъмоли ин гунна хамирмоя манъ кардан зарурат надорад, зеро он чи омехта мешавад, тағйир меёбад, яъне ҳукмаш дигар мешавад. («Масоили фиқҳи муосир», саҳ.43-44), (китоби «Ҳалолу ҳаром», саҳ.296-297). Аз ин хотир ба бародар маслиҳат медиҳем, ки ба ибодати вай халал ворид нагардидааст.