Home Questions and answers Namaz Question № 00403

Question № 00403

Чупонҳое, ки доим дар сафар ҳастанд яъне аз як минтақа ба як минтақаи дигар мераванд, барои мисол аз Ёвон ба суи Қаротегин сафар мекунанд, муҳлати сафари онҳо мумкин як моҳ тул кашад, намозро чӣ гуна адо мекунанд? Ва ин кори доимии онҳо аст.

Question:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Савол оиди қаср хондани намоз. Чупонҳое, ки доим дар сафар ҳастанд яъне аз як минтақа ба як минтақаи дигар мераванд, барои мисол аз Ёвон ба суи Қаротегин сафар мекунанд, муҳлати сафари онҳо мумкин як моҳ тул кашад, намозро чӣ гуна адо мекунанд? Ва ин кори доимии онҳо аст. Қаблан ташаккур мекунам.

Саволдиҳанда:Салоҳиддин

Answer:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, бародари азиз. Афроде, ки ба чупонӣ машғуланд, ҳангоми сафар аз як чарогоҳ азми чарогоҳи дигар мекунанд, дар роҳ қаср мехонад, инчунин  агар ҳар ҷое, ки онҳо таваққуф мекунанд,  мӯҳлаташ аз 15 рӯз камтар бошад, қаср мехонанд ва намози ҷумъа дар гардани онҳо воҷиб нест, вале агар дар ин маҳал макони зисти доимӣ дошта бошад ё  зиёда аз 15 рӯз дар он ҷо таваққуф кунанд намозро комил адо мекунанд. Қобили тазаккур аст, ки ин афрод агар нияти иқомат надошта бошанд, дар ҳоле, ки дар таваққфгоҳи муаққатиашон бо сабабҳои гуногун муҳлаташ аз 15 рӯз ҳам зиёд шавад, дар ин ҳолат онҳо намозро қаср мехонанд.  («Шарҳи Илёс», ҷ.1, саҳ. 212-213)

2016-05-16
3534
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

11.01.2025

More
Fajr06:06
Zuhr12:40
Asr15:30
Maghrib17:27
Isha18:57