Question № 00406
Маро ҳамсарам пеш аз тӯй гуфта буд, ки маро шавҳаре, ки Руссия меравад лозим нест. Ман ки нияти Руссия рафтан надоштам, гуфтам, ки намеравам. Имрӯзҳо ки тӯи моро 2 сол мешавад, ман барои беҳбудии зиндагӣ мехоҳам Руссия равам...
Question:
Ассалому алйкум. Лутфан ба суоли банда посух диҳед. Маро ҳамсарам пеш аз тӯй гуфта буд, ки маро шавҳаре, ки Руссия меравад лозим нест. Ман ки нияти Руссия рафтан надоштам, гуфтам, ки намеравам. Имрӯзҳо ки тӯи моро 2 сол мешавад, ман барои беҳбудии зиндагӣ мехоҳамРуссия равам. Ӯ мегӯяд агар равӣ ҷудо мешавем. Лутфан мегуфтед агар ҷудо шавем ман гунаҳкорам ё вай? Илтимос бигӯед чӣ кор кунам?
Саволдиҳанда:Усмон
Answer:
Ва алайкумусалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, бародари азиз. Бояд ин хоҳар бидонад, ки муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилии ҳамаи кишварҳост, модоме ки шумо ноилоҷ ҳастед, фақат ҳуқуқи ҳамсардориро фаромӯш накунед. Монанди баъзеҳо, ки солҳо он ҷо мемонанд. Ба як маслиҳат биёед. Фикри ҷудоӣ накунед, зеро аз ҷудо шудани як хонаводаи мусулмон ғайр аз шайтон касе хурсанд намшавад. Хайру баракат дар зиндагии бо ҳамсар аст, на дар ҷудогию танҳоӣ.