Home Questions and answers Namaz Question № 00407

Question № 00407

Мехостам фаҳмам, ки дар намози се ё чорракъатаи фарзу суннат баъди ракъати дувум, яъне дар ракъати сеюм ё чорум баъд аз сураи «Фотиҳа» замми сура мумкин аст ё не?

Question:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, мехостамфаҳмам, ки дар намози се ё чорракъатаи фарзу суннат баъди ракъати дувум, яъне дар ракъати сеюм ё чорум баъд аз сураи «Фотиҳа» замми сура мумкин аст ё не? Ман одами рӯзадор, моҳи Раҷаб пурра рӯза гирифтам ва моҳи Шаъбон низ рӯза дорам, вале намедонам чӣ ният кунам вақти саҳариву вақти даҳон кушоӣ илтимос ҷавоби пурра медодед. 
 

Answer:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, бародари азиз. Дар ракъати сеюм ё чорум танҳо бо тиловати сураи «Фотиҳа» иктифо кунад. Агар саҳван замми сура кунад, саҷдаи саҳв лозим намегардад.Фақат дар моҳи Рамазон таъйин кардани рӯзаи моҳи Рамазон зарур аст, дар ғайри он нияти мутлақи рӯза (яъне рӯза гирифтам) гуфтан кифоя аст. («Мухатсарул-виқоя», саҳ.36-39).


 

2016-05-19
3625
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

11.01.2025

More
Fajr06:06
Zuhr12:40
Asr15:30
Maghrib17:27
Isha18:57