Question № 00409

Агар зан ҳамеша дар мавриди шабхонадорӣ кардан доимо рад намуда, танҳо баъди нороҳатӣ ва муноқиша бо ӯ маҷбуран роҳ диҳад,

Question:

муҳтарам уламо! Агар зан ҳамеша дар мавриди шабхонадорӣ кардан доимо рад намуда, танҳо баъди нороҳатӣ ва муноқиша бо ӯ маҷбуран роҳ диҳад, чӣ ақидаҳо вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин муноқишаҳои доимо гапҳое нолоиқ беист ба сӯроғаи шавҳар шунида мешавад, ки гуфтан нашояд. Инак 9 сол боз дар азобам. Оё ин муносибат боиси бурида шудани никоҳ мегардад ё не. Хуб мешуд дар Шумо имконияти аноним равон намудани мактуб вуҷуд медошт.

Саволдиҳанда:Раҳматулло

Answer:

Худованд дар сураи «Нисо» ояти 19-ум мефармояд: «Бо ҳамсаронатон ба некӣ рафтор кунед, агар ононро дӯст надоштед, шояд чизеро дӯст надоред, ки Худованд хайр ва баракати зиёд дар он қарор дода бошад»Расули Худо (с) фармудаанд: «Қасам ба зоте, ки ҷонам дар ихтиёри Ӯст, ҳар марде, ки ҳамсарашро ба бистараш мехонад, аммо ӯ сарпечӣ мекунад, Худованд аз ӯ норозӣ мешавад, то вақте ки шавҳараш аз ӯ розӣ шавад Барои зани мусулмон зарураст, ки дар ҳар чизе ки шавҳараш амр мекунад, агар хилофи шариат набошад, аз ӯ итоат кунад. Дар сурати итоат накардан гунаҳгор мешавад», аммо ба ин кирдор зан талоқ намешавад.. (Бухорӣ, ҷ.2, саҳ.161-162), («Фиқҳи ислом ва адилатуҳӯ» ҷ. 9, саҳ.65-99)

2016-05-18
3374
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38