Question № 00429

Баъзе ҷавонҳои мутаассиб ба ин боваранд, ки савганди ҳарбӣ, аз ҷумла савганди наваскарон ширк мебошад, чун ба номи Худо қасам ёд намекунанд. Хоҳиш, ин масъаларо муфассал бо далелҳои динии оммафаҳм шарҳ диҳед, то ҷои суол боқӣ намонад.

Question:

Салому дуруд! Ибтидо як мулоҳизаи кутоҳ дар бораи сайтатон дорам. Дар сомонаи Шумо дар бораи мазҳаби ҳанафӣ ва ақидаи ин мазҳаб маълумот ёфта намешавад, хуб мебуд, дар ин самт камтар таваҷҷуҳ мешуд.Баъдан, суолам ин аст: Баъзе ҷавонҳои мутаассиб ба ин боваранд, ки савганди ҳарбӣ, аз ҷумла савганди наваскарон ширк мебошад, чун ба номи Худо қасам ёд намекунанд. Хоҳиш, ин масъаларо муфассал бо далелҳои динии оммафаҳм шарҳ диҳед, то ҷои суол боқӣ намонад. ҳарчи зудтар посух диҳед, хуб аст. 

Саволдиҳанда:Азим.

Answer:

Ва алайкумус-салом ва раҳматуллоҳ. Дар мавриди суоли аввалатон гуфтанием, ки дар қатори мақолаҳои сомонаи Маркази исломӣ оиди мазҳаби ҳанафӣ ва нақши он дар ҷомеа низ мақолаҳо ба нашр расидаанд. Сониян, ҳамаи пурсишу посухҳо дар доираи мазҳаби ҳанафӣ сурат мегиранд. Аз ин лиҳоз, доир ба мазҳаби ҳанафӣ дар сомона маълумоти фаровон вуҷуд дорад.

Дар мавриди суоли дувуматон қайд карданием, ки дар китобҳои фиқҳи ҳанафӣ доир ба масъалаи савганд чунин омадааст, ки агар қасамхӯранда фақат ба лафзи қасам бидуни зикри лафзи “Аллоҳ” савганд хӯрад, боз ҳам ин қасам маҳсуб меёбад. Дар китоби “Мухтасарул-виқоя”, с. 79 овардааст:

 

أقسم وأحلف وأشهد وإن لم يقل بالله

 

Яъне банда ба лафзи «савганд мехӯрам», «қасам мехӯрам» ва «шаҳодат медиҳам», агарчи лафзи «Аллоҳ”-ро зикр накунад, ин суханаш қасам ба шумор меравад.

қобили зикр аст, ки ин амали аскарон на танҳо қасам, балки аҳду паймон низ мебошад ва ҳар инсон агар аҳди худро шиканад, Худованд аз ӯ дар рӯзи қиёмат мепурсад. Чунончи Худованд дар қуръони карим мефармояд:

وَأَوْفُوا بِالْعَهْدِ  إِنَّ الْعَهْدَ كَانَ مَسْئُولًا [١٧:٣٤]

 

“Ва ба аҳд вафо кунед; ба дурустӣ ки аз аҳд пурсида хоҳад шуд”. (Сураи “Исро”, 34).

Инчунин дар ҷои дигар Худованд фармудааст, ки сифати муъмин ин аст, ки аҳду амонатро риоя мекунад:

 

وَالَّذِينَ هُمْ لِأَمَانَاتِهِمْ وَعَهْدِهِمْ رَاعُونَ [٢٣:٨]

“Ва ҳамонҳое, ки амонатҳои худ ва аҳди худро риояткунандаанд”.(Сураи “Муъминун”, 8).

Дигар ин ки масъалаи савганд хӯрдан ба урф низ вобастагӣ дорад, агар дар урфи оммаи мардум ба ягон чиз қасам ёд карда шавад ва он қасам шуҳрат дошта бошад, пас ин навъи қасам низ аз дидгоҳи шариат эътибор дорад.

Хулоса дар масъалаи савганд хӯрдани наваскарон  ягон навъ ширк вуҷуд надорад, ҳамон тавре ки дар боло зикр намудем. ҳар чизро бояд аз аҳли он пурсид ва ба сухани ҳар мутаассиб ва ҷоҳил набояд гӯш дод. Худованд мову шуморо дар паноҳи исмати худаш нигоҳ дорад.

2016-06-02
3210
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38