Question № 00432
Салом! Ман бо шавҳарам ҷанг кардем, шаб буд. Баъди саҳар шавҳарам ба ман паёмак навишт, ки агар хоҳӣ ҳозир талоқатро медиҳам. Ман телефон карда гуфтам, ки агар хоҳӣ, бидеҳ. Он кас гуфт, ки не наметавонам, талоқ надод, зиндагии ман чӣ шуд?
Question:

Саволдиҳанда:Азиза.
Answer:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, хоҳари азиз. Дар сурати мазкур шумо талоқ нашудаед, зеро аз забони шавҳаратон ҳеҷ навъ лафзи талоқ набаромадааст, на сароҳатан ва на киноятан, аммо шумо бо лафзи талоқ шӯхию бозӣ накунед, чаро ки ҳалолию ҳаромии хонаи шумо ба он вобаста аст.