Question № 00445

Ассалому алайкум. Барои мо мегуфтед, ки туҳмат задан дар ҳаққи бародари муъмин аз нигоҳи Қуръон ва суннати Расули акрам (с) чӣ ҳукм дорад?

Question:

Ассалому алайкум. Барои мо мегуфтед, ки туҳмат задан дар ҳаққи бародари муъмин аз нигоҳи Қуръон ва суннати Расули акрам (с) чӣ ҳукм дорад? 

Саволдиҳанда:Абдухолиқ.

 

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ Аз нигоҳи Қуръон ва суннат туҳмат задан ҳаром ва гуноҳи кабира маҳсуб мешавад. Худованд дар каломи худ мефармояд: “Аз сухани дурӯғ дурӣ ҷӯед”. (Сураи “Ҳаҷ”, 30) Ҷои дигар мефармояд: “Ва паи чизе марав, ки туро дониши он нест; ба дурустӣ ки аз ҳар яке аз гӯшу чашму дил пурсида хоҳад шуд”. (Сураи “Исро”, 36) Ҳамчунин аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Мусулмон бародари мусулмон аст, бар ӯ зулм накунад, ӯро хиёнат накунад, ӯро таҳқир накунад. Тақво ана ин ҷост». – Ва ба синаи худ се бор ишорат кард. –«Аз бадӣ ҳамин мардро басанда аст, ки бародари мусулмонашро нописандӣ кунад. (Ҳуқуқи) ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ӯ ва моли ӯ ва шарафу обрӯи ӯ». (Ривояти Муслим). Дар ҳадиси дигар фармудаанд: “Беҳтарин мусулмон ҳамон аст, ки дигар мусулмонон аз забону дасти ӯ эмин бимонанд”. (Муттафақун алайҳ).

2016-06-11
2902
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38